Ба Тоҷикистон шамоли сахту боронҳои шадид меояд

Аз 30 сентябр то 2 октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорат босуръат поин рафта, боронҳои шадид ва шамоли сахт дар назар аст. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 17 дараҷа гармӣ ва рӯзона то 20 дараҷа гармӣ поин рафта, дар минтақаи кӯҳистон барф ва дар ноҳияҳои ҷудогона боронҳои шадид пешбинӣ мешавад. Дар […]

Asia-Plus

Аз 30 сентябр то 2 октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорат босуръат поин рафта, боронҳои шадид ва шамоли сахт дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 17 дараҷа гармӣ ва рӯзона то 20 дараҷа гармӣ поин рафта, дар минтақаи кӯҳистон барф ва дар ноҳияҳои ҷудогона боронҳои шадид пешбинӣ мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ хатари фаромадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

«Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки бодиққату ҳушёр бошед. Обуҳавои номусоид ба рафти корҳои кишоварзӣ, чаронидан ва нигаҳдории чорво дар чарогоҳҳо, ҳаракати нақлиёт, фаъолияти корхонаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву энергетикӣ мушкил эҷод мекунад», – таъкид мешавад дар маълумоти Кумита.

Тибқи маълумоти Кумита, аз оғози сол дар қаламрави Тоҷикистон 45 ҳодисаи офатҳои табиӣ рух дода, бар асари он 18 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Соли гузашта офатҳои табиӣ ба ҳалокати 38 нафар шаҳрвандони кишвар боис гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...