Баъди 10 рӯз ВКД шахсони ба манзили узви ҲНИТ дарафтодаро муайян мекунад

Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ҳодисаи ба манзили зисти узви маҳкумшудаи ҲНИТ дарафтодани як гурӯҳ ҷавонон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод. «Таҳқиқи ҳодиса метавонад аз 10 рӯз ҳам дертар идома ёбад ва айни замон кормандони вазорат «кӣ будану чӣ хостани ин шахсон»-ро мавриди омӯзиш қарор […]

Мавзуна Абдуллоева

Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ҳодисаи ба манзили зисти узви маҳкумшудаи ҲНИТ дарафтодани як гурӯҳ ҷавонон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

«Таҳқиқи ҳодиса метавонад аз 10 рӯз ҳам дертар идома ёбад ва айни замон кормандони вазорат «кӣ будану чӣ хостани ин шахсон»-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд», – қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бегоҳии рӯзи 27 сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кучаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ заданд.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб дар ин бора иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуд, “дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”

Ӯ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат, ки ба худи ӯ ва хонаву дару девораш тухм пошида, назди он овезаву плакатҳоро оташ заданд, ба мақомоти милитсия шикоят намекунад. «Нисбати ин ҷавонон ба милитсия муроҷиат кардан маъние надорад, агар ҳамаи ин аксия аз ҷониби худи ҳукуматдорон ташкил шуда бошад», – гуфт Валаматзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.