Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Бишкек ҷаласаи XXIX навбатии Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 25-умин солгарди Иттиҳод доир мегардад; – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ операи П.И.Чайковский «Иоланта» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17-00; – Дар толори конфронси «Taj Palace» брифинги матбуотӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Бишкек ҷаласаи XXIX навбатии Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 25-умин солгарди Иттиҳод доир мегардад;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ операи П.И.Чайковский «Иоланта» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17-00;

– Дар толори конфронси «Taj Palace» брифинги матбуотӣ ва маросими расмии вазнкашии иштирокчиёни бокс-шоуи ширкати «Тоҷ Промоушен» баргузор мешавад. Қувваозмоиҳо санаи 1 октябр дар бинои Сирки пойтахт барпо мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8722 сомонӣ;

1 евро – 8.8350 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1217 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.

1994 – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосияи 49-уми Маҷмаъи умумии СММ маърӯза кард.

1997 – Анҷоми ба ватан баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон.

1997 – Ифтитоҳи қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа-Саргазони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб.

2011 — Дар вилояти Суғд мурофиа оид ба баррасии парванда нисбати муассиси нахустин Суди ҳакамӣ оғоз гардид.

1207-1273 – Зодрӯзи шоири тоҷику форс ва мутафаккир Ҷалолиддини Румӣ.

1920-1979 – Мавлуди коргардони кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Борис Кимёгаров.

1946 – Зодрӯзи меъмор Баҳовиддин Зуҳуриддинов.

1947 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Тоҳирҷон Сатторов.

1948 – Зодрӯзи собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.