Эҳтиёҷи кишварҳои СААД ба кумаки созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулода

Дар шаҳри Ереван ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Наазарзода низ ширкат варзид. Дар ҷаласа масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ереван ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Наазарзода низ ширкат варзид.

Дар ҷаласа масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, рафти амалисозии Нақшаи тамрину дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти дахлдори кишварҳо дар соли 2016 баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии самтҳои асосии рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода низ баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои омодагии кадрҳо барои ниҳодҳои марбута дар муассисаҳои таълими олии назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия, нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2017 табодули назар сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки роҳбарони мақомоти ваколатдори кишварҳои узви СААД дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.