Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони арзандаро қадрдонӣ мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ ва хориҷӣ мулоқот мекунад. Ин вохӯрӣ соли сеюм аст, ки дар доираи ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, рӯзи 14 октябр зимни вохӯрии президент бо соҳибкорону тоҷирон суҳбат ва табодули афкор сурат гирифта, ҳамчунин […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ ва хориҷӣ мулоқот мекунад. Ин вохӯрӣ соли сеюм аст, ки дар доираи ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, рӯзи 14 октябр зимни вохӯрии президент бо соҳибкорону тоҷирон суҳбат ва табодули афкор сурат гирифта, ҳамчунин қадрдонии намояндагони ин бахши иқтисод дар назар аст.

Рӯзи 15 октябр бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байнулмилалии молӣ дар доираи Рӯзи соҳибкорон таҳти шиори «Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод» Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2016» баргузор мешавад.

Дар ин форум баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, зербино ва ҳамчунин соҳаҳои моливу бонкӣ дар назар буда, аз соҳибкорон ва сармоягузорон дархост шудааст, ки дар ин хусус бо пешниҳодҳояшон ба вазорат муроҷиат намоянд.

Бино ба маълумоти Кумита, то оғози нимсолаи дуюми соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 284 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 21,2 ҳазор адад ё худ 8,1% зиёдтар аст.

«Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи умумии 109,3 млн. сомонӣ  амалисозии 124 лоиҳа дастгирӣ ёфт», – қайд мекунанд дар Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.