Ба воридоти маводи дорувории пастсифат «Курамакс ЛТД» даст надорад

Дар ин робита маъмурияти ширкат раддияро пешниҳод намуд, ки онро дар зер манзуратон мегардонем: «Дар маводи «Азия-Плюс» аз 23 сентябр – «Гунаҳкории ширкати Ҳиндустон ба фурӯши доруҳои пастсифат» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти гумрук қайд мешавад, ки зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон […]

Маъмурияти ширкати «Курамакс Лтд»

Дар ин робита маъмурияти ширкат раддияро пешниҳод намуд, ки онро дар зер манзуратон мегардонем:

«Дар маводи «Азия-Плюс» аз 23 сентябр – «Гунаҳкории ширкати Ҳиндустон ба фурӯши доруҳои пастсифат» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти гумрук қайд мешавад, ки зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доштааст ва аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Дар асл бошад, ин ҷо сухан маҳз сари корманди ҳамин ширкат меравад, вале ӯ ҳамчун шахси мустақил амал кардааст ва аз ин рӯ, ширкати «Курамакс Лтд» ба фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат, ки дар хабар зикри он рафта буд, ҳеҷ муносибате надорад. Ҳамчунин маълумот доир ба нисбати ширкат боз шудани парванда ва аллакай ба прокуратураи шаҳр ирсол гардидани он низ нодуруст аст.

Тибқи маълумоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели мусодираи ин мавод, онҳо аз ҷониби шахси ҷудогона дар дохили Тоҷикистон ба ивази қарз аз шахсони дигар дастрас шудаанд ва ширкати «Курамакс Лтд» ба маводи аз тарафи Хадамоти гумрук мусодирашуда низ ҳеҷ муносибате надорад.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Курамакс Лтд» муддати тӯлонӣ, давоми 13 сол фаъолият дошта, дар 25 кишвари хориҷӣ ва ИДМ филиалҳо дорад. Дар бозори Тоҷикистон ширкат муддати беш аз 10 сол муваффақона ва бенуқсу камбуд фаъолият дошта, соҳиби обрвӯу нуфуз шудааст.

Истеъмолгарон ҳамеша сифати хуби маводҳои доруворию молҳои тиббии ширкатро қайд мекунанд, ки бо сертификатҳои мутобиқат ва сифат тасдиқ шудааст. Ҳамаи маводу моли воридотӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор гирифта, мудом ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯянд, ки аз масъулияти баланди роҳбарони ширкат гувоҳӣ медиҳад.

Ширкати «Курамакс Лтд» дар Ҳиндустон озмоишгоҳи мустақили худро дорад, ки дар он мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ таъмин аст. Дар истеҳсолот ҳамеша аз болои сифати маҳсулот назорат бурда шуда, зимни истеҳсоли дастгоҳҳои нави тиббӣ мутахассисон малакаҳои технологии худро такмил медиҳанд.

Аз ин рӯ, ширкат дархост мекунад, ки маводи нашршуда нисбати ширкати «Курамакс Лтд»-и Ҳиндустон ғайривоқеъӣ дониста шавад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.