Савганди садоқати вакилони парлумон ба мардуми Тоҷикистон

Ин маросим дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат гирифт. Вакилон бо навбат ба минбар баромада, бо гузоштани дасти рост ба Конститутсияи ҶТ матни савганди тасдиқшударо хонданд. Аввалин шуда савгандро раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ёд кард. Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон […]

Пайрав Чоршанбиев

Ин маросим дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат гирифт.

Вакилон бо навбат ба минбар баромада, бо гузоштани дасти рост ба Конститутсияи ҶТ матни савганди тасдиқшударо хонданд. Аввалин шуда савгандро раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ёд кард.

Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар  ва аъзои ҳукумат ба президент тағйирот ворид гардида буд.

Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.

Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.