Бародари рӯҳонӣ Гюлен дар Туркия боздошт шуд

Қутбиддин Гюлен, бародари Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турки муқими Амрико, дар Туркия боздошт шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба хабаргузории Anadolu ҳукуматдорони Туркия ӯро дар ҳамдастӣ бо исёнгарон, ки 15 июли соли ҷорӣ ба табаддулоти давлатӣ даст зада буданд, гумонбар медонанд. Гуфта мешавад, Фатҳуллоҳ Гюлен дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва Анқара борҳо […]

Радиои Озодӣ

Қутбиддин Гюлен, бародари Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турки муқими Амрико, дар Туркия боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба хабаргузории Anadolu ҳукуматдорони Туркия ӯро дар ҳамдастӣ бо исёнгарон, ки 15 июли соли ҷорӣ ба табаддулоти давлатӣ даст зада буданд, гумонбар медонанд.

Гуфта мешавад, Фатҳуллоҳ Гюлен дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва Анқара борҳо аз Вашингтон хостааст, ки ӯро таслим кунад. Вале рӯҳонии турк мегӯяд, агар даст доштанашро дар табаддулоти 15 июл додгоҳи мустақил исбот кунад, худаш ба ватан хоҳад баргашт.

Зикр мегардад, ки кӯшиши табаддулот дар Туркия шаби 15 ба 16 июли соли равон сурат гирифта, ба кушта шудани 240 одам сабаб шуд. Дар пайи тафтиши Анқара даҳҳо ҳазор нафар дастгир ва аз ҷойҳои корашон маҳрум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.