Ҳаким Фузайлов ба бозӣ бо Фаластин 7 легионерро даъват кард

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов номи 23 бозигари даста дар бозӣ бо мунтахаби Фаластинро, ки рӯзи чоршанбе, 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (оғоз соати 18:00) доир мегардад, эълон кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин бозӣ 7 футболбози тоҷик, ки дар дастаҳои Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Булғористон ва Беларус бозӣ мекунанд, даъват […]

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов номи 23 бозигари даста дар бозӣ бо мунтахаби Фаластинро, ки рӯзи чоршанбе, 5 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (оғоз соати 18:00) доир мегардад, эълон кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин бозӣ 7 футболбози тоҷик, ки дар дастаҳои Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Булғористон ва Беларус бозӣ мекунанд, даъват шудаанд.

Инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), ҳимоятгар Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия), ҳимоятгар Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (ҳарду аз «Дунав», Булғористон), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус) мебошанд.

Қобили зикр аст, ки омодагӣ ба ин бозиро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 октябр оғоз кард. Мунтахаби футболи Фаластин имрӯз ба Душанбе омада, дар меҳмонхонаи «Атлас» қарор мегиранд. Бозиро ҳайати доварон аз Қазоқистон доварӣ карда, сардовар Денис Измайлов таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.