Мусодираи сангҳои қиматбаҳо ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ аз сокини Душанбе

Кормандони милитсия марди 49-солаи сокини пойтахтро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии металл ва сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 123-адад сангҳои қимматбаҳои навъи “Зумрад” ва 20-адад сангҳои навъи “Сапфир” дарёфт шудааст. Гуфта мешавад, инчунин, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш 105-адад сангҳои навъи “Ёқут” дарёфт […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия марди 49-солаи сокини пойтахтро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии металл ва сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 123-адад сангҳои қимматбаҳои навъи “Зумрад” ва 20-адад сангҳои навъи “Сапфир” дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш 105-адад сангҳои навъи “Ёқут” дарёфт гардидаааст. Мувофиқи маълумотномаи Назорати давлатии иёргирӣ, сангҳои мазкур ба гурӯҳи сангҳои қимматбаҳо шомил буда, арзиши умумиашон 84010,75-сомониро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер