«Истиқлол» ба дарёфти унвони панҷуми чемпионӣ наздиктар шуд

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби калони 8 бар 2 мағлуб кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар ин вохӯрӣ бозигари даста ва ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф 5 тӯб (пента-трик) […]

Аваз Юлдошев

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби калони 8 бар 2 мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар ин вохӯрӣ бозигари даста ва ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф 5 тӯб (пента-трик) зада, шумори голҳояш дар мавсими имсолаи чемпионатро ба 20 адад расонид.

Гуфта мешавад, акнун барои бори панҷум ноил гардидан ба унвони чемпиони мавсими имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат, ба дастаи «Истиқлол» гирифтани 4 имтиёз дар 3 бозии боқимонда кофӣ аст.

Зимнан зикр мегардад, ки бозии навбатии дастаи «Истиқлол» рӯзи 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.