Даъвати Amnesty International ба бозбинии парвандаи Ёров ва Маҳкамов

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Авфи Байнулмилал дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба унвони президенти Тоҷикистон муроҷиати кушод ирсол намуд, ки дар он хусусияти сиёсӣ доштани айбномаҳои ба онҳо пешниҳодшуда қайд мешавад. Дар муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки 6 октябр суди шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Авфи Байнулмилал дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба унвони президенти Тоҷикистон муроҷиати кушод ирсол намуд, ки дар он хусусияти сиёсӣ доштани айбномаҳои ба онҳо пешниҳодшуда қайд мешавад.

Дар муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки 6 октябр суди шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

«Айбномаҳои ба онҳо пешниҳодшуда ангезаи сиёсӣ дошта, онҳо барои розӣ шудан ҳамчун адвокат ба ҳимояи манфиатҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон муҷозот шуданд», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Зимни муроҷиат ба ҳукуматдорон ҳомиёни ҳуқуқ бобати аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ мавриди ҷавобгарии ҷиноӣ қарор гирифтани Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов нигаронӣ изҳор намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки барои такроран баррасӣ намудани парвандаи онҳо мутобиқи уҳдадориҳои кишвар дар бахши ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо андешида, зимни музокироти таҷдиди назари қарибулвуқӯъ риояи меъёрҳои байнулмилалии мурофиаи боадолати судиро таъин намоянд.

Ғайр аз ин, Amnesty International аз ҳукуматдорон даъват кардааст, ки барои таъмини фаъолияти касбии ҳамаи адвокатҳо дар кишвар дар фазои озод аз таҳдиду монеъа, ҳаросафканӣ ё дахолати ғайриқонунӣ тибқи Принсипҳои асосии СММ марбут ба нақши ҳуқуқшиносон шароит фароҳам оварда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳукм нисбати адвокатҳо Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia), ҳамчунин сафорати ИМА дар низ садо баланд карда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.