«Барқи тоҷик» моҳи сентябр беш аз 210 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард

Ҳудуди 15%-и нерӯи барқи моҳи сентябр дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуд, ки ин ҳаҷм дар маҷмӯъ 210 млн. кВт/соат нерӯи барқро ташкил медиҳад. «Моҳи сентябри соли 2016 аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон – 173,6 млн. ва Қирғизистон – 36,5 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳудуди 15%-и нерӯи барқи моҳи сентябр дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуд, ки ин ҳаҷм дар маҷмӯъ 210 млн. кВт/соат нерӯи барқро ташкил медиҳад.

«Моҳи сентябри соли 2016 аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон – 173,6 млн. ва Қирғизистон – 36,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», – қайд мешавад дар гузориши моҳи октябри «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон».

Нисбат ба моҳи август дар моҳи сентябр ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 33,7 млн. кВт/соат кам шуда, ба Қирғизистон бошад, баръакс – 26,3 млн. кВт/соат афзудааст.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки 14,9% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Моҳи сентябр дар корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» каме бештар аз 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 5% зиёд буда, аз ин миқдор ҳудуди 50 млн. кВт/соат ба Қирғизистон ва ҳаҷми боқимонда ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ иттилоъ доданд. Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат доданд.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1 ноябр ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), дигар ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон барои пардохти маблағи истифодаи барқ тарифҳои нав ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами ҳозира то ба 14,65 дирам барои 1 киловатт/соат зиёд карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.