Қадрдонии Дилшод Назаров бо ҷоизаи Кумитаҳои миллии олимпӣ

Дилшод Назаров бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мукофотонида мешавад. Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев рӯзи 21-уми октябр хабар дод. Вай гуфт, “бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи […]

Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Дилшод Назаров бо ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мукофотонида мешавад. Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев рӯзи 21-уми октябр хабар дод.

Вай гуфт, “бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии Президенти Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин созмони ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст.”

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

“Рӯзҳои 12-16 ноябр дар Доҳа Ассамблеяи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ доир мешавад, ки барои иштирок дар кори он ман ва директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев даъват шудаем. Дар ин Ассамблея дар ҳузури роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон ҷоизаҳои ANOC ба беҳтаринҳо, аз он ҷумла ба гурзандози машҳури мо Дилшод Назаров супурда мешавад ”, – иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.