Ҳукми 16 соли зиндон ба тоҷики дар сафҳои Толибон ҷанганда

Date:

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Бегиҷон Назарови 28-соларо, ки узви фаъоли ҳаракати Толибон буд, барои робита доштан бо ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва иштирок дар ҷангҳо дар қаламрави кившарҳои сеюм ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Фирӯз Султонзод, котиби матбуотии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мурофиаи судӣ Бегиҷон Назаров ба иштирокаш дар ҷангҳои Афғонистон иқрор шудааст.

«Панҷ сол пеш Бегиҷон Назаров ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, он ҷо дар сохтмоне бо Анвар Худоёров шинос мешавад. Дӯсти наваш ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ба сафҳои Толибон бипайванданд. Охири соли 2011 маҳкумшуда ва Анвар аз шаҳри Қазон ба ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рафта, дар он ҷо бо намояндаи ҳаракати «Толибон» бо номи Қорӣ Маҳфуз вомехӯранд. Ӯ ба онҳо барои иштирок дар ҷангҳо дар сафҳои толибон иҷоза ва ба ҳардуяшон силоҳ медиҳад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Анвар Худоёров соли 2014 аз пояш захмӣ шуда, барои табобат ба Покистон рафтааст ва айни замон дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурия меҷангад. Бегиҷон Назаров дар вилояти Бадахшон аз ҷониби нерӯҳои ҳукумати Афғонистон боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...