ХБА ба мувофиқаи барномаи қарз ба Тоҷикистон умедвор аст

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) умедвор аст, ки моҳҳои наздик барномаи қарз ба Тоҷикистонро бо ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа созад. Дар Хазина пешравӣ дар гуфтушунидҳои аз оғози сол идомадоштаро зикр кардаанд. «Гуфтушунидҳо ҷараён доранд ва масъалаи калидӣ дар онҳо бахши бонкӣ аст», – хабар медиҳад Reuters бо истинод ба муовини директори департамент оид ба Шарқи Наздик ва […]

Asia-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) умедвор аст, ки моҳҳои наздик барномаи қарз ба Тоҷикистонро бо ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа созад. Дар Хазина пешравӣ дар гуфтушунидҳои аз оғози сол идомадоштаро зикр кардаанд.

«Гуфтушунидҳо ҷараён доранд ва масъалаи калидӣ дар онҳо бахши бонкӣ аст», – хабар медиҳад Reuters бо истинод ба муовини директори департамент оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Юха Кяхконен.

Ӯ зикр кардааст, ки зимни баррасии барномаи нав, ки айни замон идома дорад, ҷонибҳо ба пешравӣ ноил гардидаанд. «Умедворем, ки барнома моҳҳои наздик мувофиқа мешавад», – гуфтааст Кяхконен.

Моҳи феврали соли ҷорӣ иттилоъ дода шуд, ки барои дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрон, Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҳудуди 500 млн. доллари ИМА маблағ дархост карданист.

Баъдтар Хазинаи байнулмилалии асъор изҳор дошт, ки ба наздикӣ як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар ХБА таъкид карда буданд, ки барои дастрас кардани қарзи Хазина Тоҷикистон бояд як қатор шартҳоро бипазирад, аз ҷумла ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ тақвияти назорати бонкӣ, сабук кардани назорат дар бозори асъор ва ҳамчунин беҳбуди шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ зарур аст.

Нимаи ҳамин моҳ директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн иттилоъ дод, ки ин ниҳодӣ молӣ дар ҳамдастӣ бо ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ барномаи ислоҳоти бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистонро мавриди таҳия қарор додааст.

Ӯ зикр карда буд, ки раҳбарияти БАТР аз мушкилоте, ки айни замон соҳибкорони тоҷик ба он мувоҷеҳанд, аз ҷумла мушкилоти дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ огаҳ аст.

Ба гуфтаи Маккейн, БАТР масъалаи ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА қарз доданро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки бевосита ба дастгирии бахши бонкии Тоҷикистон равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ дучор шуданд. Давоми сол ба Бонки миллии ҷумҳурӣ лозим омад, ки дар ду бонки бузрги кишвар – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП «Тоҷпромбонк» мавъмурияти муваққатӣ таъин кунад.

Дар дигар бонки низомсози кишвар – ҶСК «Агроинвестбонк» низ ахиран мушкилоти таъмини хизматгузории пурра ва саривақтии мизоҷон ба мушоҳида мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.