ХБА шартҳои пешниҳоди қарз ба Тоҷикистонро эълон кард

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба наздикӣ як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад. Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи Financial Times дар ин робита гуфтааст, бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши […]

ASIA-Plus



Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба наздикӣ як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.

Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи

Financial Times

дар ин робита гуфтааст, бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкидоти ҷиддӣ» дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.

Масъуд Аҳмад қайд кардааст, ки дар бораи ҳаҷми қарзи имконпазире, ки Хазина ба Тоҷикистон дода метавонад, алҳол сухан гуфтан «хеле барвақт аст».

Номбурда таъкид доштааст, ки барои дастрас кардани қарзи Хазина Тоҷикистон бояд як қатор шартҳоро бипазирад. «Аз ҷумла ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ тақвияти назорати бонкӣ, сабук кардани назорат дар бозори асъор ва ҳамчунин беҳбуди шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ зарур аст», – иброз доштааст ӯ.

Ҳамчунин намояндаи ХБА изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ҳаллу фасли мушкилоти зикршуда омодагӣ изҳор хоҳанд кард.

Нашрия хотиррасон мекунад, ки соли 2008 вақте ки истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои аз ҷониби Хазина ба Тоҷикистон додашуда ошкор гардид, ХБА Тоҷикистонро ба баргардонидани қарз уҳдадор намуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.