Санад дар бораи маълумот ба тоҷикистониёни «худомӯз»

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро тасдиқ кард, ки мутобиқи он минбаъд дар ҷумҳурӣ ба шахсоне, ки бидуни таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ё коллеҷҳо мустақилона ин ё он касбро азхуд кардаанд, дар бораи омодагии касбиашон шаҳодатнома дода мешавад. Таҳиягари лоиҳаи қонуни мазкур вакил Нурулло Оқилзода мутмаин аст, ки қабули ин қонун […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро тасдиқ кард, ки мутобиқи он минбаъд дар ҷумҳурӣ ба шахсоне, ки бидуни таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ё коллеҷҳо мустақилона ин ё он касбро азхуд кардаанд, дар бораи омодагии касбиашон шаҳодатнома дода мешавад.

Таҳиягари лоиҳаи қонуни мазкур вакил Нурулло Оқилзода мутмаин аст, ки қабули ин қонун ба таъмини ҳазорон нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор намуд, ки беш аз 70%-и муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия расман ҳеҷ маълумот дар бораи тасдиқи касб надоранд, вале аксари онҳо касбҳои бинокор, устои таъмигари автомашинаҳо, сартарош ва ғайраро азхуд кардаанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода қайд кард, ки имрӯз шумори аҳолии коршоями кишвар ҳудуди 5 млн. нафарро ташкил дода, наздики 2,5 млн. нафари тоҷикистониён дар дохил ва хориҷи кишвар машғули коранд ва ба ин шумор ҳамчнин муҳоҷирони корӣ низ шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.