Эмомалӣ Раҳмон доир ба дурнамои сармоягузориҳои кувайтӣ ибрози назар кард

Нимаи дуюми рӯзи 26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт ва муассисаҳои хайриявии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон рушди ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Давлати Кувайтро амри зарурӣ маънидод карда, иброз доштанд, ки ҷалби сармояи ҷониби Кувайт баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия фоидаовар мебошанд.

Таъкид гардид, ки имкон аст тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ тарҳу лоиҳаҳои судовар дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли оби баландсифату хуштаъми Тоҷикистон низ амалӣ карда шаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд доир карданд.

Дар мулоқот вобаста ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ва коҳиш додани таъсири буҳронҳои молиявию иқтисодӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Дар охир ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим таъкид намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.