ТАЛКО: Гузориши Вазорати молия ғайривоқеӣ ва ғайрикасбӣ аст

Ширкати "Талко" пас аз нашри гузориши вазорати молия дар робита ба фаъолияти ин ширкат, ба он посухи расмӣ дод. Дар изҳороти ширкати "ТАЛКО", ки рӯзи 27 октябр дар ҳузури хабарнигорон қироат шуд, омадааст, ки гузориши вазорати молия воқеияти ҳолро дар нисбати ин ширкат дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад. Бино ба маълумоти Радиои […]

Радиои Озодӣ

Ширкати "Талко" пас аз нашри гузориши вазорати молия дар робита ба фаъолияти ин ширкат, ба он посухи расмӣ дод. Дар изҳороти ширкати "ТАЛКО", ки рӯзи 27 октябр дар ҳузури хабарнигорон қироат шуд, омадааст, ки гузориши вазорати молия воқеияти ҳолро дар нисбати ин ширкат дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ширкати истеҳсоли алюминии "ТАЛКО" вазорати молияи Тоҷикистонро дар "бархӯрди ғайрикасбӣ" ба масъалаи марбут ба самаранокии фаъолияти ин корхона айбдор кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 27 октябр дар ҳузури хабарнигорон садо дод, ширкати "Талко" гуфт, ки бо интиқоди ахири вазорати молия розӣ нест. Дар посухи расмии "Талко" ба вазорати молия гуфта шудааст, ки хулосаҳои ин сохтор дар нисбати ширкат "воқеияти ҳолро дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад".

​ Ёдрас мекунем, ки дар ҳисобот доир ба фаъолияти ТАЛКО давоми солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016  интишоршуда аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба он оварда расонид, ки имрӯз ширкат бо зиён фаъолият дорад.Зикр гардида буд, ки гузаштан ба системаи толлингӣ ширкати алюминиюми тоҷикро ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ оварда расондааст.

Масъулини "ТАЛКО" аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда гуфтанд, ки "бинобар дониши пасти мутахассисони вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст ва вазорат дар арзёбии он аз бархӯрди ғайрикасбӣ кор гирифтааст".

Игор Сатторов, раҳбари департаменти иттилот ва таҳлили "ТАЛКО", ки ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ба гурӯҳи хабарнигорон қироат мекард, гуфт, дар робита ба ин амалкарди вазорати молия ширкати "Талко" посухи муфассал омода кардаанд ва унвонии ҳукумат ирсол хоҳад кард, то дар навбати худ, ҳукумат самаранокии кори ширкатро баҳо дода, ин амалкарди вазорати молияро арзёбӣ кунад.

Сатторов афзуд, ки инчунин вазорати молия дар гузоришаш ширкати "ТАЛКО"-ро ба он муттаҳам сохтааст, ки гӯё 1,1 миллиард долларро аз давлат пинҳон кардааст. Аммо ӯ гуфт, ки ин иддао комилан асос надорад ва аз вазорати молия пурсид, ки оё дар робита ба ин иддао ягон далеле дар даст дорад ё на?

"Талко" мегӯяд, вазорати молия бори дувум аст, ки бо пахши иттилоти носаҳеҳ ба обрӯи ин ширкат латма ворид мекунад. Дар изҳороти "ТАЛКО" гуфта мешавад, ки соли 2014 вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки ширкат дар лобалои муфлисшавӣ қарор дорад.

Сатторов гуфт, изҳороти вазорати молия ҷараёни музокироти ин ширкатро бо Бонки исломии рушд ба ҳам зад. Вай гуфт, ширкат барои гирифтани 24 миллион доллар қарз аз ин ниҳоди молӣ дар ҳоли гуфтугӯ қарор дошт, вале пас аз пахши изҳороти вазорати молияи Тоҷикистон, Бонки исломии рушд таъҷилан ҳамаи музокиротро бо ин ширкат қатъ кард ва ҳоло низ ин гузориши вазорати молия метавонад ба обрӯи "Талко" латма ворид кунад.

Дар ҳамин ҳол, доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бо хулосаи Вазорати молия оид ба камсамар будани фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз рӯи низоми толлингӣ комилан розӣ аст. «Дар аввал ҳам муқобили гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ будам. Ин «методи дақёнусӣ» аст, ки ба ҳилаву найранг ва фиребгарӣ нигаронида шудааст», – гуфт профессор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер