Иқтисоди Тоҷикистон танҳо ба муъҷиза умедвор шуда метавонад? 10 саволи «нобоб» аз ENT

Тавре аз хабарҳои имрӯзаи иқтисодӣ бармеояд, дар Тоҷикистон натанҳо ислоҳоти иқтисодии муқаррарӣ, балки роҳандозии нақшаи таъҷилии наҷоти иқтисод ва раҳоӣ аз буҳрон зарур аст. Ман бештар моилам, ки на ба интизориҳои суръати афзоиши 6 ё 7%, балки ба маълумотҳои Economist Intelligence Unit ва пешгӯии онҳо ба афзоиши 1% бовар кунам. Аз хабарҳо чӣ бештар таваҷчуҳро […]

Админ ENT

Тавре аз хабарҳои имрӯзаи иқтисодӣ бармеояд, дар Тоҷикистон натанҳо ислоҳоти иқтисодии муқаррарӣ, балки роҳандозии нақшаи таъҷилии наҷоти иқтисод ва раҳоӣ аз буҳрон зарур аст.

Ман бештар моилам, ки на ба интизориҳои суръати афзоиши 6 ё 7%, балки ба маълумотҳои Economist Intelligence Unit ва пешгӯии онҳо ба афзоиши 1% бовар кунам.

Аз хабарҳо чӣ бештар таваҷчуҳро ҷалб мекунад?

1. Даромадҳо аз андозу дигар сарчашмаҳо ба буҷет коҳиш меёбанд, вале дар партави он буҷети соли 2017-ро қариб ба миқдори 20% зиёд карданианд. Аз кадом ҳисоб? Охир ба гумони ғолиб, буҷети соли 2016 пурра ба иҷро намерасад.

2. Кумитаи андоз нисбати ҷамъоварии маблағ аз ширкатҳои бузург сиёсати шадидро роҳандозӣ намудааст. Чанде аз ширкатҳо аллакай аз ин бозӣ баромадан ва тарки кишвар карданро доранд. Бошитоб таҷҳизотро фурӯхтаву кормандони хориҷашонро гусел мекунанд. Қариб ҳамаи бозигарони бузурги хориҷӣ, сар аз Чину Русия то ширкатҳои ғарбӣ дар чунин ҳолат қарор доранд.

3. Ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» бо қарзи беш аз 12 млрд. сомонӣ воқеъан дар вазъи пешазмуфлисшавӣ қарор дорад.

4. Беш аз 60 корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо шумули корхонаҳои бузургтарини саноатии кишвар нисбат ба 6-7 ширкатҳои кӯҳкорӣ 2 маротиба камтар маблағи андоз ба буҷет пардохт мекунанд. Савол: пас ин корхонаҳои воҳиди давлатии камсамар чӣ лозиманд?

5. Ҳатто агар Бонки миллӣ ва Вазорати молия аз IMF, WB, EBRD, ADB, EABR ва дигар мададрасонон барои сиёсати буҷетӣ ва монитарӣ ва шояд дастгирии бонкӣ қарзҳо гирифта тавонанд ҳам, ин маблағҳо дар низоми барои иқтисод дар маҷмӯъ камсамари кишвар «нопадид» мешаванд, яъне қарзҳо муҳлати «мизоҷ»-ро тамдид намуда, вале решаи мушкилотро ҳал карда наметавонанд.

6. Ҳама худро тавре вонамуд месозанд, ки ҳеҷ чизи ҷиддие ҷой надорад. Вале ба гумони ғолиб, ин тавр нест. Иқтисод амал ва фаъолнокии кориро тақозо мекунад.

7. Агар нашрияҳое чун «Нигоҳ» аз фаъолият бозмемонанд, ин ҳушдорест ба он, ки дар ҷомеа аллакай ба иттилоот ва табодули он хоҳиш надоранд… Ин дар навбати худ холигиеро ба вуҷуд оварда, сатҳи нобоварӣ дар низомро меафзояд. Ин барои чӣ лозим аст? Ё бозигарони иттилоотии шакли нав рӯйи кор меоянд?

8. Ҳаҷми боркашонӣ тариқи нақлиёт бамаротиб пойин рафтааст. Агар қаблан аз терминалҳои мусофиркашонӣ то 200 хатсайр дар як рӯз фаъолият мекард, пас имрӯз ин рақам на бештар 20 хатсайрро ташкил медиҳад.

9. Маълумот дар бораи содироту воридот, транзаксияҳо дар дохили ҷумҳурӣ ва аз кишварҳо дигар… ҳатто ба шарҳ намеарзанд.

10. «Ҳалқа»-и иқтисодӣ танг мешавад. Роҳу воситаҳо ва ширкатҳои наву тарзҳои дигари таъмини даромад ба буҷет лозим аст. Алҳол ин чизҳо ба мушоҳида намерасанд. Умедворем, ки «дар боло» нақшаҳои «В» ва тарҳи «С» барои ҳавасмандгардонии иқтисоду сармоягузорӣ ва болоравии фаъолияти корӣ вуҷуд доранд. Мунтазир мешавем, ки кай дар бораи он сухан мегӯянд ва вариантҳои амалро пешниҳод мекунанд.

P.S. "Чӣ сабақе аз зиндагӣ набардошта бошем ҳам, дил ба муъҷиза бовар дорад". М.Ю.Лермонтов

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.