Мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия ҳал нашуд

Дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид. Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст. Намояндагони Русия қайд кардаанд, ки рад шудани мувофиқасозии таъини парвози […]

Asia-Plus

Дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид.

Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Намояндагони Русия қайд кардаанд, ки рад шудани мувофиқасозии таъини парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ аз фурудгоҳи нави Жуковский ба қатъи парвозҳо миёни кишварҳо боис шуда метавонад ва Маскав интизор аст, ки Душанбе мавқеъашро дар ин масъала тағйир медиҳад.

Мушовири сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба ТАСС гуфтааст, Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Русия созишномаи нав ба имзо расад ва дар ин хусус рӯзи 24 ноябр дар Душанбе гуфтушунид доир мегардад.

Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Муҳаммадюсуф Раҳмон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки парвози ҳавопаймоҳоро Русия 8 ноябр қатъ карда наметавонад, зеро дар номаи расмии расида аз Департаменти сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Русия гуфта шудааст, ки ҷадвали парвозҳои ширкатҳои русиягӣ ва тоҷикистонӣ дар мавсими зимистон бояд то 1 декабр тасдиқ карда шавад.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки давоми як ҳафта ширкатҳои Русия ба Тоҷикистон – 35 парвоз ва ширкатҳои тоҷикистонӣ – 21 парвоз анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.