Имкони парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия танҳо то 8 ноябр

Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мушкилот миёни мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар изҳорот пахш намуд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия аз моҳи сентябри соли 1997, дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе ҷадвали парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз фурудгоҳи Душанбе […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мушкилот миёни мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки мутобиқи созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия аз моҳи сентябри соли 1997, дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе ҷадвали парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз фурудгоҳи Душанбе дар як ҳафта тариқи зайл таъин шудааст:

– аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» – 7 парвоз ва «Тоҷик Эйр» – 7 парвоз;

– аз ҷониби Русия: «Ют Эйр» – 14 парвоз.

Аз фурудгоҳи Хуҷанд:

– аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» – 3 парвоз ва «Тоҷик Эйр» – 4 парвоз;

– аз ҷониби Русия: «Сибир» – 7 парвоз.

Аз фурудгоҳи Кӯлоб:

– танҳо ширкатҳои русиягӣ «Уральские авиалинии» – 4 парвоз ва «Сибир» – 3 парвоз.

Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа:

– танҳо ширкати русиягии «ВИМ Авиа» – 7 парвоз дар як ҳафта.

«Бо назардошти маълумоти зикргардида ба хулосае метавон расид, ки ҷониби Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоо русиягӣ, ки парвозҳоро анҷом медиҳанд, ҳеҷ эроде надорад, балки баръакс дар ин соҳа афзалиятро дастгирӣ намуда, зимни фаъолияти муштарак ҳеҷ гуна нофаҳмӣ ё риоя нашудани муқаррарот рух надодааст», – таъкид мешавад дар изҳороти департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти ҶТ.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ то охири мавсими зимистони солҳои 2016/2017 иҷозат дода шуда, вале «Росавиатсия» ҷадвали парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистониро танҳо то 8 ноябри соли 2016 тасдиқ кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек ба намояндагони Тоҷикистону Русия ҳалли масъалаи мушкилоти парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо муяссар нагардид. Муовини вазири нақлиёти Русия Валерий Окулов ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудаст, ки ин масъала баррасӣ шуда, вале алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.