Огоҳии сафорати ИМА ба шаҳрвандонаш аз эҳтимоли амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар Душанбе шаҳрвандони ин кишварро аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба матни изҳороти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, сафорат бо ин ҳушдораш ба шарвандони ин кишвар, ки дар ҳудуди Тоҷикистон иқомат доранд, тавсия додааст, то аз […]

TojNews

Сафорати ИМА дар Душанбе шаҳрвандони ин кишварро аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба матни изҳороти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, сафорат бо ин ҳушдораш ба шарвандони ин кишвар, ки дар ҳудуди Тоҷикистон иқомат доранд, тавсия додааст, то аз ҷойҳои таҷаммуи мардум дур бошанд ва аз сафар ба манотиқи наздимарзии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо Афғонистон худдорӣ варзанд.

Ҳамчунин дар ин изҳороташ сафорати ИМА хабар додааст, ки 11-уми ноябр “Рӯзи собиқадорони ИМА” –ро таҷлил мекунанд, бинобар ин сафорат фаъолият нахоҳад кард ва дар рӯзҳои дигари ҳафта бо реҷаи пештара кор мекунад.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки чанде пеш фармондеҳи артиши миллии Афғонистон Қадам Шоҳ Шаҳим дар бораи шуруъ шудани як амалиёти зидди ҳаракатҳои террористӣ дар ин кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон, бинобар таҷаммуи неруҳои ифротгаро дар бархе аз манотиқи ин кишвар хабар дода буд.

Ахиран, Ожонси иттилоотии “Пажвок”-и Афғонистон бо истинод ба Шеръазиз Кома Вол, яке аз фармондеҳони афғон, хабар додааст, ки ҷангиёни ҳаракати толибон тасмим доранд дар Кундуз фаъол бишаванд, то ба зархаридони тоҷику ӯзбак, ки дар сафи ҳаракатҳои террористӣ меҷанганд, имкони вуруд ба ҳудуди кишварашонро фароҳам биёранд.

Дар Кундуз, шимоли Афгонистон амалиёти зидди гуруҳҳои террористӣ бо номи рамзии “Шафақ” шуруъ мешавад, ки бино ба иттилои расмӣ дар назар аст дар қаламрави тамоми ин кишвар тавсия ёбад. Дар ин амалиёт ба иттилои расонаҳои афғонӣ, неруҳои полис, амнияти милли ва дигарон истифода бишаванд. Амалиёт аз шаҳри Кундуз тавсея меёбад. Як қисми канори ин шаҳр то ҳол дар асорати толибон қарор дорад, ки боиси нигаронии сокинони осоишта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.