Оғози парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба фурӯши билетҳо ба хатсайри ҳавоӣ аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба самти Тоҷикистон шурӯъ намуд. Бино ба маълумоти сомонаи ширкат, парвози нахуст ба Душанбе аз ин фурудгоҳ аллакай санаи 22 ноябр сурат гирифта, парвозҳо тариқи ин хатсайр рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳафта анҷом дода мешаванд. Гуфта мешавад, парвози ҳавопаймоҳо ба […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба фурӯши билетҳо ба хатсайри ҳавоӣ аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба самти Тоҷикистон шурӯъ намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи ширкат, парвози нахуст ба Душанбе аз ин фурудгоҳ аллакай санаи 22 ноябр сурат гирифта, парвозҳо тариқи ин хатсайр рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳафта анҷом дода мешаванд.

Гуфта мешавад, парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский низ аз 22 ноябр оғоз гардида, дар ҳамин рӯзҳои ҳафта сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар ба мувофиқа расида, дар гуфтугӯҳои Маскав тарафҳо розӣ шудаанд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский парвозҳо анҷом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои АМИТ «Ховар», аз 9 ноябр ширкати «Тоҷик Эйр» хатсайри нави парвозҳоро ба самти Душанбе -Сургут-Душанбе оғоз кардааст. Ҳамчунин шурӯъ аз 13 ноябри соли равон аз «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» парвозҳо ба самти Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд сурат мегиранд.

Гуфта мешавад, ширкати ватании «Тоҷик Эйр» аз ибтидои моҳи январ шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе- Деҳлӣ- Душанбе зиёд намуда, дар назар дошта шудааст, ки» парвоз бо хатсайрҳои Душанбе- Урумчи- Душанбе ва Душанбе-Пекин-Душанбе дубора барқарор шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.