Ҳисоби ғалабаҳои мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Туркманистон мусовӣ шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ҳарсе голро Манучеҳр Ҷалилов зад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, доир шуд. […]

Радиои Озодӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ҳарсе голро Манучеҳр Ҷалилов зад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, доир шуд.

Гуфта мешавад, ин бозии ҳаштуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар муддати 24 соли рақобати онҳо ба шумор мерафт. Се бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман анҷом ёфтааст. Дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр бо тими миллии Афғонистон бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шуруъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.