Машваратҳои сиёсии Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 9 ноябри соли 2016 котиби давлатӣ – муовини вазири корҳои хориҷии Россия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машвартҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Россия ба ш.Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 9 ноябри соли 2016 котиби давлатӣ – муовини вазири корҳои хориҷии Россия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машвартҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Россия ба ш.Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо қаноатмандӣ қайд карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.