Эмомалӣ Раҳмон Доналд Трампро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо ИМА-ро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо ИМА-ро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

«Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард», – омадааст дар барқия.

Зимнан омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати  талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳо дар ҳамаи сатҳҳо изҳор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти ИМА, ки санаи 8 ноябр доир гардид, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп бо касби 277 овоз президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон 218 овоз ба даст овардааст. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.