Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews

Date:

Бо қарори муассис – Созмони ҷамъиятии «Индем» хабаргузории мустақили TojNews фаъолияташро қатъ намуд. Қаблан «Индем» аз қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ» хабар дода буд.

«Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс – Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 – юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, «ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд  намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд».

Бо қарори «Индем», аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

Ёдрас мекунем, ки раёсати фонди «Индем» санаи 2 ноябр қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ»-ро эълом дошта буд, ки муддати қариб 10 сол бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Сабаби қатъи чопи нашрия адами мавҷудияти шароити лозим унвон шуда буд.

Баъдан созмонҳои журналистӣ бо пахши як изҳорот аз қатъи нашри ҳафтавори «Нигоҳ» нигаронӣ изҳор намуданд. Онҳо зикр карданд, ки бо қатъи фаъолияти “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...