Вохӯриии вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо дипломати тоҷик

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодро ба ҳузур пазируфт. Ин вохӯрӣрӯзи 16 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. «Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла масоили марбут ба аломатгузорӣ ва таъйини қитъаҳои марзи кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодро ба ҳузур пазируфт. Ин вохӯрӣрӯзи 16 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла масоили марбут ба аломатгузорӣ ва таъйини қитъаҳои марзи кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон санаи 14 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Содиқ Имомӣ мулоқот доир гардид. Дар ин вохӯрӣ низ масъалаҳои суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар ва тезонидани анҷоми расмиёти ҳуқуқии он баррасӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ба наздикӣ гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. «Ҷонибҳо то охири соли равон ин масъаларо пурра ҳаллу фасл карданианд», – гуфт манбаъ.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.