Се сокини Суғд барои робита бо «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шуданд

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се тан аз сокинони вилоятро барои робита доштан бо созмони ифротгарои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда «Ҳизб-ут-таҳрир»  ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард, ки ду нафари онҳо қаблан низ бо ҳамин иттиҳом муҷозот шуда буданд. Раиси мурофиаи мазкур судя Зоирзода Боирҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Абдуҷалил […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се тан аз сокинони вилоятро барои робита доштан бо созмони ифротгарои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда «Ҳизб-ут-таҳрир»  ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард, ки ду нафари онҳо қаблан низ бо ҳамин иттиҳом муҷозот шуда буданд.

Раиси мурофиаи мазкур судя Зоирзода Боирҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Абдуҷалил Юсуфови 47-сола барои ташкили фаъолияти иттиҳоди ифротгаро ба 8 сол, Насрулло Қодирови 43-сола ва ҳамсоли ӯ Анвар Аббосов барои хабар надодан дар бораи ҷиноят мутаносибан ба 2 сол ва 1,2 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи судя, Абдуҷалил Юсуфов баъди адои ҷазо барои чунин ҷиноят соли 2009 ба озодӣ баромада, вале баъди раҳоӣ аз зиндон боз ба фаъолияти марбт ба «Ҳизб-ут-таҳрир» машғул шудааст.

«Қодиров низ қаблан муддати 10 сол адои ҷазо намуда, ҳарчанд аз робита доштани Юсуфов бо созмони ифротгаро огаҳӣ дошт, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надод», – иброз дошт судя.

Қобили зикр аст, ки соли 2001 фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда, соли 2008 ин гурӯҳ ба феҳристи созмонҳои ифротгаро шомил шуд. Фаъолони он мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер