Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Сарбанд оғоз бахшид

Date:

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Сарбанд оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, давоми фаъолияти тӯлонии худ нерӯгоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.

Корҳои барқарорсозиву таҷдиди нерӯгоҳ дар замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Тоҷикистон, ширкати “Барқи тоҷик” ва Бонки Рушди Осиё оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт” ба иҷро мерасад, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Тоҷикистон муваззаф шуд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...