Даъвати касби мақоми ҳуқуқии забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздик

Дар кори мизи гирди хабаргузории ТАСС оид ба сиёсати Русия дар самти рушди забон ва мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Элеонора Митрофанова изҳор намудааст, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ вазъи забони русӣ бештар дар Латвия ва Эстония нигаронкунанда буда, забони русӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бояд мақоми қонунгузориро касб намояд. […]

Asia-Plus

Дар кори мизи гирди хабаргузории ТАСС оид ба сиёсати Русия дар самти рушди забон ва мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Элеонора Митрофанова изҳор намудааст, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ вазъи забони русӣ бештар дар Латвия ва Эстония нигаронкунанда буда, забони русӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бояд мақоми қонунгузориро касб намояд.

«Вазъи забони русӣ дар ҷаҳон ба як қатор мушкилот дучор аст, аз ҷумла масъалаи мақоми забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздик мушкили аввал аст, – иброз доштааст ӯ. – Вазифаи аввалиндараҷаи мо мақоми муайяни қонунӣ касб кардани он дар конститутсия ва таҷрибаи амали ҳамсоякишварҳои мост».

Митрофанова хотиррасон намудааст, ки дар фазои ИДМ забони русӣ дар ҳолати беҳтарин ҳамчун мафҳуми «забони муколама (гуфтугӯ)-и байни миллатҳо муайян шуда буд, ки шарҳу тавзеҳи фаҳмо ва дақиқи ҳуқуқӣ надорад.

«Забони русӣ имрӯз ҳам забони муоширати байнулмилалӣ аст, аммо аллакай на дар ҳамаи кишварҳо аз ҷумла на дар Украинаву Гурҷистон ва кишварҳои назди Балтика, – қайд кардааст ӯ. – Насли нав қариб тамоман забони русиро намедонанд».

Бино ба маълумоти СММ, ёдрас шудааст намояндаи ВКХ Русия, соли 2015 шумори аҳолии кишварҳои узви ИДМ (бидуни назардошти Русия) 138 млн. нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумор ҳамагӣ 61 млн. нафар донандаи забони русӣ ва 36,9 млн. нафар донандаи на он қадр хуби забони русӣ арзёбӣ шуда, 35,6 млн. нафар аллакай забони русиро намедонистаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.