Олмон беш аз 12 ҳазор паноҳҷӯи афғонро ба кишварашон бармегардонад

Ҳукумати Олмон гуфтааст, вазъияти амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон таъмин аст ва ба ин хотир дар назар аст 12 ҳазору 539 паноҳҷӯи афғон ба кишварашон баргарданд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Вазорати умури дохилаи Олмон тахмин задааст, 5 дарсад аз 247 ҳазор муҳоҷири афғон, ки то охири сентябри 2016 ба Олмон расидаанд, бояд ин кишварро […]

Хабаргузории «Озодагон», Asia-Plus

Ҳукумати Олмон гуфтааст, вазъияти амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон таъмин аст ва ба ин хотир дар назар аст 12 ҳазору 539 паноҳҷӯи афғон ба кишварашон баргарданд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Вазорати умури дохилаи Олмон тахмин задааст, 5 дарсад аз 247 ҳазор муҳоҷири афғон, ки то охири сентябри 2016 ба Олмон расидаанд, бояд ин кишварро тарк кунанд. Дар ҳамин ҳол, Ҳизби чапгарои Олмон хостори ихроҷ нашудани муҳоҷирони афғон шудааст.

Бо вуҷуд, ҳукумати Олмон гуфтааст, идораи муҳоҷират ва паноҳандагӣ парвандаи ҳар паноҳҷӯро ба таври инфиродӣ мавриди баррасӣ қарор дода, мушаххас мекунад, ки ӯ дучори чӣ хатароте ҳаст ва баъдан дар бораи ихроҷи вай тасмим гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 2016 миёни Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар бораи бемамониат ба ватан баргаштани афғонҳо созишнома ба имзо расид. Мутобиқи он, аз ҷониби худ Брюссел муддати 4 сол ба Кобул дар ҳаҷми 2,68 млд. евро кумак мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ҳамарӯза аз беш аз 7 ҳазор нафар паноҳҷӯён аз Покистон ба Афғонисион бармегарданд. Бино ба гузориши Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳҷӯён ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират, то нимаи моҳи марти соли 2017 дар маҷмӯъ 1-1,5 млн. нафар паноҳҷӯён ба Афғонистон бармегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.