Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Сарбанд оғоз бахшид

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Сарбанд оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд. Гуфта […]

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Сарбанд оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, давоми фаъолияти тӯлонии худ нерӯгоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.

Корҳои барқарорсозиву таҷдиди нерӯгоҳ дар замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Тоҷикистон, ширкати “Барқи тоҷик” ва Бонки Рушди Осиё оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт” ба иҷро мерасад, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Тоҷикистон муваззаф шуд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.