Оғози корҳои азнавсозӣ дар собиқ корхонаи Фирташ дар Тоҷикистон

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» санги асос гузошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид […]

Asia-Plus

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» санги асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.

Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизотҳои технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолии аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳила анҷом меёбад. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир шуда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан (аз соли 2004) 75%-и саҳмияҳои корхонаи «Тоҷик Азот» ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и саҳмияҳои корхона ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ доштанд. Моҳи июни соли 2014 суди иқтисодии вилояти Хатлон корхонаро миллӣ эълон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.