Боз як парвандаи ҷиноии нав нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров

Мақомоти прокуратура нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноии нав, ин дафъа сеюмашро боз намуд. Парвандаи ҷиноии нав мутобиқи моддаи «қаллобӣ» оғоз гардидааст. Дар саҳифаи Хосия Ёрова, хоҳари Бузургмеҳро Ёров дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин робита қайд шудааст, ки нисбати адвокат мувофиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноии нав боз гардида, бино ба […]

Asia-Plus

Мақомоти прокуратура нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноии нав, ин дафъа сеюмашро боз намуд. Парвандаи ҷиноии нав мутобиқи моддаи «қаллобӣ» оғоз гардидааст.

Дар саҳифаи Хосия Ёрова, хоҳари Бузургмеҳро Ёров дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин робита қайд шудааст, ки нисбати адвокат мувофиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноии нав боз гардида, бино ба маълумоти васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, парванда бар асоси шикояти ду нафар шаҳрвандон оғоз гардидааст. Аз ҷузъиёти дигари ин қазия алҳол маълумот дастрас нест.

Қаблан нимаи моҳи октябр нисбаи адвокати аллакай ба 23 соли зиндон маҳкумшуда Бзургмеҳр Ёров Прокура утари генералӣ дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) парванда оғоз карда буд. Парванда пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр оғоз шуда буд.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.