“МегаФон Тоҷикистон” шарики телекоммуникатсионии мусобиқаҳои байналмилалии футбол

Ширкати “МегаФон” ба сифати шарики телекоммуникатсионии мусобиқаҳои байналмилалии футбол, ки аз ҷониби дастаи яккачини Тоҷикистон бо дастаҳои аз Туркманистон ва Афғонистон гузаронида шудаанд, баромад мекунад. Дар рафти бозиҳо, ки санаҳои 9 ва 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, мухлисон тавонистанд таасуротҳои худро бо шарофати оператори алоқа дар шабакаи ҷаҳонӣ баён намоянд. […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон” ба сифати шарики телекоммуникатсионии мусобиқаҳои байналмилалии футбол, ки аз ҷониби дастаи яккачини Тоҷикистон бо дастаҳои аз Туркманистон ва Афғонистон гузаронида шудаанд, баромад мекунад. Дар рафти бозиҳо, ки санаҳои 9 ва 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, мухлисон тавонистанд таасуротҳои худро бо шарофати оператори алоқа дар шабакаи ҷаҳонӣ баён намоянд.

Мусобиқаи санаи 9 ноябр барои Тоҷикистон имконияти олӣ барои “натиҷаро баробар намудан” буд: аз ҳафт вохӯрии дар чоряки аср бо дастаи Туркманистон гузаронидашуда, дутои он бо натиҷаи дуранг, ҳамин миқдор – ғалабаи мо, ва се маротиба ғалабаи дастаи яккачини туркман буд.     

 “Мо мисли ҳамаи мухсилони тоҷикистонӣ мусобиқаро бесаброна интизор будем: бозии гузашта бо Туркманистон соли 2010 баргузор гардида буд – он замон ба рақибони мо ғалаба муяссар шуда буд. Бинобар ин, бисёр мехостам, ки ҳисоб дар ин давра ба манфиати мо шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд – бозингарони мо бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст оварданд!  Мухлисони мо, бо шарофати шабакаи боэътимоди мо дарҳол тавонистанд хушнудии худро дар шабақаи ҷаҳонӣ баён намоянд” – шарҳ медиҳад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз Давлятов.

Вохӯрӣ бо дастаи Афғонистон, ки дар ҳамон майдон баъд аз чанд рӯз баргузор гардид, ба дастаи яккачинӣ тоҷик бо ҳисоби 1:0 ғалабаи навро овард. Ва боз мухлисон аз рафти бозиҳо бо ёрии хизматрасониҳои телекоммуникатсионии “МегаФон Тоҷикистон” тавонистанд нақл кунанд.

Ба сифати шарики телекоммуникатсионӣ ё ташкилотчӣ “МегаФон Тоҷикистон” якчанд маротиба ба чорабиниҳои бузурги варзишӣ дастгирӣ намудааст. Ҳамин тавр, оператор моҳи октябри соли ҷорӣ ба сифати шарики телекоммуникатсионии мусобиқаи байналмилалии футболи дастаҳои Тоҷикистон ва Фаластин, ки дастаҳо ғалабаи дурангро ба даст оварданд, баромад кардааст.   

Яке аз лоиҳаи бузургтарини солонаи оператор ин мусобиқаи футболи “Оянда аз ту вобаста аст” мебошад, ки дар ин мусобиқа тарбиятгирандагони хонаҳои бачагона ва мактаб-интернатҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.