Ҳавопаймои аввалин аз фурудгоҳи Жуковский шабона ба Душанбе мерасад

Date:

Парвози ҳавопаймои аввалини мусофирбар аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав шоми имрӯз, 22 ноябр сурат гирифта, он аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» анҷом дода мешавад.

Тибқи ҷадвали хатсайрҳо дар сомонаи фрудгоҳи байнулмилалии «Жуковский», парвози ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе соати 21:00-и вақти Маскав сурат мегирад. Вақти парвоз 3 соату 15 дақиқа ва арзиши билет ба 1 самт то 15 ҳазор рубл муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки маросими ифтитоҳи фурудгоҳи «Жуковский» санаи 30 май доир гардид. Ин фурудгоҳи нав 23 километр дуртар аз шаҳри Маскав, дар қаламрави аэродроми «Раменское» воқеъ буда, хатти парвозу нишасташ (5,5ҳазор метр) дарозтарин дар Аврупо мебошад ва ба қабулу парвози ҳама гуна навъҳои ҳавопаймоҳои муосир имкон медиҳад. Парвози нахустин аз ин фурудгоҳ 12 сентябр анҷом дода шуд.

Дар сомонаи фурудгоҳ иттилоъ дода мешавад, ки аз ин майдони ҳавоӣ аллакай парвозҳо ба самти Минск ба роҳ монда шуда, ба наздикӣ хатсайрҳо ба шаҳрҳои Тел-Авив ва Боку фаъол мегарданд. Қаблан зикр гардида буд, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба парвозҳои мунтазам  аз фурудгоҳи «Жуковский» ба 11 кишвари ҷаҳон иҷозатнома дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» тариқи хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе  чун пешина аз фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково» анҷом дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи аввали моҳи ноябр Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар ба мувофиқа расида, дар гуфтугӯҳои Маскав тарафҳо розӣ шудаанд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский парвозҳо анҷом диҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷоза дода, дар иваз барои парвози ҳавопаймоҳои худ ба хатсайрҳои қаблан бастабуда ба шаҳрҳои Уфа ва Челябинску Барнаул ва ҳамчунин роҳандозии парвози иловагӣ тариқи хатсайри Хуҷанд – Санкт-Петербург иҷозатнома гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...