Ҳалокати 3 нафар бар асари бархӯрди ду «Мерседес»

Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҳам бархӯрдаанд, ки онҳоро мардони синни 22 ва 26-сола идора мекарданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, садама бо айби ронандаи 22-сола рух дода, бар асари он худи ронанда ва мусофирони автомашина – сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 […]

Asia-Plus

Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҳам бархӯрдаанд, ки онҳоро мардони синни 22 ва 26-сола идора мекарданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, садама бо айби ронандаи 22-сола рух дода, бар асари он худи ронанда ва мусофирони автомашина – сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 ва 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. «Инчунин, мусофири дигар, марди 25-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст», – омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти ВКД, тӯли 8 моҳи соли равон дар роҳҳои кишвар 928 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи онҳо 311 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 970 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио