Дастурҳои президент ба сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо

Дар шаҳри Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва ҷалби ҳарчи бештари шарикони Аврупои дар татбиқи ин Барнома ҷалб намуда, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ дод.

Пешвои миллат изҳор дошт, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.