«Саводнокии молиявӣ»: кушодани суратҳисоби бонкӣ

Дар мавзӯи гузашта, мо оид ба буҷети оилавӣ гуфтем, имрӯз дар бораи кушодани суратҳисоби бонкӣ сухан меронем. Дар ҷаҳони муосир инсон, ташкилоти давлатӣ ё тиҷоратӣ иҷрои ҳатто соддатарин фаъолияти молиявии худро бидуни суратҳисоби бонкӣ иҷро карда наметавонад. Пеш аз ҳама, суратҳисоби бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ  зарур буда, барои иҷрои […]

Маводи шарикӣ

Дар мавзӯи гузашта, мо оид ба буҷети оилавӣ гуфтем, имрӯз дар бораи кушодани суратҳисоби бонкӣ сухан меронем.

Дар ҷаҳони муосир инсон, ташкилоти давлатӣ ё тиҷоратӣ иҷрои ҳатто соддатарин фаъолияти молиявии худро бидуни суратҳисоби бонкӣ иҷро карда наметавонад. Пеш аз ҳама, суратҳисоби бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ  зарур буда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои молиявӣ дар назди ташкилотҳои дигар, гирифтани пардохт барои моли фурўхташуда ё хизматрасонӣ ва ғайра истифода мешавад. Барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, бонкҳо барои мизоҷон суратҳисоб мекушоянд.

Суратҳисоби бонкӣ – инъикоскунандаи муносибатҳои шартномавӣ байни бонк ва мизоҷ барои қабули амонат (пасандози бонкӣ) ва (ё) гузаронидани амалиёти бонкӣ, ки ба хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон асос ёфта, бо шартнома аз тарафи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорӣ амал менамояд.

Ҳамин тариқ, мавҷудияти суратҳисоби бонкӣ асоси муносибатҳои шартномавии бонк ва мизоҷ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми кушодани суратҳисоб байни бонк ва мизоҷ муносибатҳои ҳуқуқӣ ба амал меоянд, ки пас аз пурра баргардонидани маблағҳои мизоҷ ва пӯшидани суратҳисоб он  қатъ мегардад.

Дар хотир доред !

Муносибат байни бонк ва мизоҷ дар асоси шартномаи суратҳисоби бонкӣ сурат мегирад.

Мутобиқи ин шартнома, бонк ё ташкилоти қарзӣ (минбаъд бонк) вазифадоранд, ки маблағи мизоҷро қабул намуда, ба суратҳисоби кушода (соҳиби суратҳисоб) ворид намоянд, маблағро бо супориши мизоҷ интиқол диҳанд ва амалиётҳои дигарро  иҷро намоянд.

Тарафҳои шартнома бонк ва мизоҷ ба ҳисоб мераванд. Мизоҷ (амонатгузор) маблағро ба суратҳисоби бонкии худ ворид месозад, бонк дар навбати худ вазифадор аст, ки маблағ, фоиз ё шакли дигари пули амонатгузорро мувофиқи тартиби шартнома баргардонад.

Арзиши хизматрасонии бонк барои кушодани суратҳисоби бонкии мизоҷ (шахси воқеӣ) аз сиёсати тарофавии ҳар як бонк вобаста аст. Дар бисёри бонкҳои Тоҷикистон ин намуди хизматрасонӣ ройгон аст.

Агар суратҳисоби бонкӣ кушодан хоҳед, пеш аз ҳама, бо шартҳои бонк ва тарофаҳои он шинос шавед.

Дар хотир доред !

То бо ҳамаи шартҳои тарофа шинос нашавед, суратҳисоби бонкӣ накушоед. Шартҳои як бонкро бо шартҳои бонкҳои дигар муқоиса намуда, барои худ мувофиқашро интихоб кунед.

Барои кушодани суратҳисоби бонкӣ ба шумо лозим аст:

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Ариза барои кушодани суратҳисоб.

Шартномаи суратҳисоби бонкӣ дар шакли хаттӣ, дар ду нусха барои ҳар тараф омода мешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро бевосита аз бонк ё аз сомонаи бонк дастрас кардан мумкин аст.

Дар мавзӯи оянда, мо дар бораи гум шудани корт ва дар ин ҳолат чӣ бояд кард сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ. 110-111 истифода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.