Ҷамшед Зиёевро ба «Тоҷпромбонк» баргардониданд

Date:

Ба ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” роҳбари пешинааш Ҷамшед Зиёевро баргардониданд. Ба ӯ низ чун ба роҳбари «Тоҷиксодиротбонк» барои ба эътидол овардан ва беҳбуди вазъи молиявии бонк як моҳ муҳлат дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар асоси қарорҳои Раёсати БМТ аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ба анҷом расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, раисони пешинаи бонкҳо- Тоҷиддин Пирзода ва Ҷамшед Зиёев дубора ба вазифаҳояшон баргардонида шуданд.

Дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» 18 майи соли равон таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ – муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.

Мавриди зикр аст, ки ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” моҳи октябри соли 1995 таъсис дода шуда, молики қисмати зиёди саҳмияҳо ва роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мебошад. Дар ин бонк низ 3 май нахуст ба муҳлати 3 моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, сипас муҳлати амали он дароз шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар акс аз чап ба рост Тоҷиддин Пирзода (роҳбари Тоҷиксодиротбонк), Ҷамшед Зиёев (роҳбари Тоҷпромбонк), Хасан Асадуллозода (роҳбари Ориёнбонк), Муродалӣ Алимардон (роҳбари Агроинвестбонк). Маҷлиси ҳукумат, 21 январи соли 2016.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, барои ба эътидол овардани вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи баъзе маълумот, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат гузаштаанд.

ВАО иттилоъ медиҳанд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар бонкҳо ҳукумат дар маҷмӯъ беш аз 3 млрд. сомонӣ, аз ҷумла ба «Тоҷиксодиротбонк» – ҳудуди 2 млрд. сомонӣ ва «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 200 млн. сомонӣ ҷудо карда, маблағи боқимонда миёни «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» тақсим карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...