«Ямал» ҳам хоҳиши парвоз ба Тоҷикистонро дорад

Date:

Мақомоти масъули авиатсионии Тоҷикистон имкони иҷрои парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанберо мавриди баррасӣ қарор додаанд.

«Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъзе ҳолатҳоро бо назардошти усули баробарҳуқуқӣ мувофиқа кардан зарур аст», – гуфт ба «Азия-Плюс» рӯзи сешанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон тариқи ин хатсайр бар асоси баробарҳуқуқӣ парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Уральские авиалинии» анҷом дода мешаванд. «Ба наздикӣ Вазорати нақлиёт дар ин робита изҳороти расмӣ пахш мекунад», – илова кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия изҳор мекунад, ки барои иҷрои парвозҳо аз фурудгоҳи Жукрвский ба Душанбе иҷозати мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро дастрас карда наметавонад. «Алҳол барои парвоз иҷозат надодаанд. Мнутазир мешавем. Ба иҷрои парвоз комилан омодаем», – гуфтааст ба «Интерфакс» директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров.

Ӯ зикр кардааст, ки зимни гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ дар бораи иҷозати парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистон ба «Тоҷик Эйр» ва аз ҷониби Русия ба ширкатҳои «Ямал» ва «Уральские авиалинии»  тавофуқ ҳосил шудааст.

«Вақте навбати мо расид, маълум шуд, ки ҷониби Тоҷикистон онро нафаҳмидааст. Онҳо мегӯянд, ки дар ин марҳила парвози танҳо ҳавопаймоҳои ширкати «Уральские авиалинии» кофӣ аст. Барои парвози пагоҳи мо иҷозат надоданд. Мо нақшаро пурсидем ва ба мо ҷавоби рад расид. То охир ба дарки онҳо умедворӣ доштем», – таъкид доштааст директори ширкати ҳавопаймоӣ.

Бино ба маълумоти «Интерфакс», Вазорати нақлиёти Русия «зидди кӯшишҳои мақомоти авиатсионии Тоҷикистон оид ба бозбинии тавофуқҳо аз рӯи хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский эътироз мекунад».

Вазъ атрофи фурудгоҳи Жуковский ҳанӯз чанд моҳ пеш мавриди баҳс байни мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар қарор гирифта буд.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар ба мувофиқа расида, дар гуфтугӯҳои Маскав тарафҳо розӣ шудаанд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский парвозҳо анҷом диҳанд. Парвози ҳавопаймои аввалини мусофирбар аз фурудгоҳи Жуковскии 22 ноябр сурат гирифта, он аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» анҷом дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...