Сафири Русия: ихтилофи мақомоти авиатсионии кишварҳо иқтисодианд

Date:

Зимни нишасти хабарии имрӯза сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар робита ба мушкилот миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо изҳор дошт, ки ин масъала ҳанӯз то охир ҳал нашуда, марҳилаи якуми машваратҳо доир гардид, вале ҷонибҳо ба созиш расида натавонистанд.

Ба гуфтаи дипломат, ин масъала ҷанбаи иқтисодӣ дошта, зимни ҳаллу фасли он манфиатҳои ҳарду ҷонибро ба инобат гирифтан зарур аст.

«Барои ҳаллу фасли муваффақонаи ин масъала Тоҷикистону Русия асосу заминаҳои зиёде доранд, зеро кишварҳои мо шарикони стратегӣ, иттифоқчӣ ва дӯстони ҳамдигаранд», – қайд кард сафир.

Дар ҳамин ҳол, гуфтушунидҳо миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар Маскав оид ба ин масъала то ҳанӯз идома доранд.

Ҷонибҳо то ҳол тавофуқе ҳосил накардаанд: Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский иҷозат надода, дар посух Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»-ро ба шаҳрҳои Оренбург, Краснодар, Иркутск ва Красноярск манъ кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related