Нақшаҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба рушди ҳамкориҳо

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он аҳамияти калони рушди муносибатҳои дуҷонибаро баръало нишон доданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша бо талошҳои зиёд баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои таърихии дӯстонае, ки бар дастгирии мутақобилаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва […]

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он аҳамияти калони рушди муносибатҳои дуҷонибаро баръало нишон доданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша бо талошҳои зиёд баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои таърихии дӯстонае, ки бар дастгирии мутақобилаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаки бародарона асос ёфтаанд, фарқ мекунанд.

Ҳар ду ҷониб оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории пурсамар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ ва рушди муколамаҳои фарҳангии байни миллатҳо нақшаҳои бузург доранд.

Ҷаласаи Комиссия дар фазои созанда, рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд. Дар чаҳорҷӯбаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин хусусиятҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши гардиши тиҷорату иқтисод муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, самтҳои марбут ба ҳалли ин ва дигар масъалаҳоро муайян намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио