«Дулан» ба соҳили дарёи Панҷ чаппа шуда, оташ гирифт

Рӯзи аввали Соли нав дар Тоҷикистон ҳодисаи фоҷеабор рух дода, як автомашинаи боркаш ба дарё чаппа ва 1 нафар ҳалок шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 1 ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Душанбе”, дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи […]

Asia-Plus

Рӯзи аввали Соли нав дар Тоҷикистон ҳодисаи фоҷеабор рух дода, як автомашинаи боркаш ба дарё чаппа ва 1 нафар ҳалок шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 1 ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Душанбе”, дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии тахминан 35-метр ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа ва сипас дар дохили автомашинаи мазкур сӯхтор ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио