Туҳфаҳои ҳамсарони дипломатҳо ба тарбиятгирандагони интернати Ҳисор

Тибқи анъанаи ҳарсола Клуби байнулмилалии занона, ки ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва соҳибкорони ватаниро муттаҳид мекунад, тарбиягирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҳисорро бо Соли нави мелодӣ табрик карда, ба онҳо аз ҳисоби фонди клуб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд. Дар ин интернат ҳамагӣ 405 нафар тарбият мегиранд, ки 96 нафарашон духтарон мебошанд. Ба ҷуз қанду шириниҳо ба кӯдакон 410 […]

Asia-Plus

Тибқи анъанаи ҳарсола Клуби байнулмилалии занона, ки ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва соҳибкорони ватаниро муттаҳид мекунад, тарбиягирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҳисорро бо Соли нави мелодӣ табрик карда, ба онҳо аз ҳисоби фонди клуб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.

Дар ин интернат ҳамагӣ 405 нафар тарбият мегиранд, ки 96 нафарашон духтарон мебошанд. Ба ҷуз қанду шириниҳо ба кӯдакон 410 адад сарулибоси зимистона ва ба 45 нафар омӯзгорони муассиса воситаҳои зинату ороишӣ ҳадя карда шуд.

Президети клуб, ҳамсари сафири Покистон дар Тоҷикистон хонум Мария Сумро изҳор кард, ки онҳо соли сеюм аст, ки аз ин интернат боздид намуда, ба кӯдакон туҳфаҳо месупоранд.

Клуби байнулмилалии занонаи ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ 17 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳамсарони дипломатҳои муқими Тоҷикиситон таъсис дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.