Эмомалӣ Раҳмон назди ҲХДТ вазифаҳои нав гузошт

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид. Бино ба ттилои АМИТ «Ховар», дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, намояндагони фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоию ҷамъиятии ҳизбӣ ва дигар […]

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид.

Бино ба ттилои АМИТ «Ховар», дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, намояндагони фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоию ҷамъиятии ҳизбӣ ва дигар аъзои ҳизб иштирок карданд.

Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда, дар масъалаи рӯзнома оид ба фаъолияти ҲХДТ дар соли 2016 ва вазифаҳои нави ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли 2017 бо таҳлилҳои мушаххас суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад.

Раиси ҳизб вобаста ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2017 дар назди аъзои ҳизб вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Баъди суханронии Раиси ҳизб дигар аъзои ҳизб- Гулбаҳор Назирӣ — муовини роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Гулизор Пирова — донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Орзу Ҳомидов — роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон, Саидбек Мирзомуддинов — раиси кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи «Иттиҳод» дар Федератсияи Россия, Лайло Чоршанбиева — директори Мактаби президентӣ аз ноҳияи Рӯшон, Шаҳло Ватанова — раиси ташкилоти ибтидоии «Шаҳлои Ватан», Афзалшо Карчиев — узви кумитаи марказии ҳизб дар «Неругоҳи Барқи Обии Роғун» ва Авазхон Кабиров — раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Султони Кабир» сухан гуфтанд.

Пас аз баррасии масъалаи рӯзнома оид ба фаъолияти ҲХДТ дар соли 2016 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар соли 2017 аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.