Барои истеҳсоли гилхоки ватанӣ маблағ зарур аст

Геологҳои Тоҷикистон тарзи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро дарёфт намуданд, аммо барои идомаи таҳқиқоти геологии кон маблағ зарур аст. «Мо дарвоқеъ ҳам аз маъдани мусковити кони Курговад оксиди алюминий гирифтем. Захираҳои пешгӯишавандаи гилхок дар он ҷо беш аз 1,5 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд, аммо барои тасдиқи маълумоти дастрасшуда, таҳқиқоти геологии конро […]

Asia-Plus

Геологҳои Тоҷикистон тарзи ҳосил кардани гилхок аз кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро дарёфт намуданд, аммо барои идомаи таҳқиқоти геологии кон маблағ зарур аст.

«Мо дарвоқеъ ҳам аз маъдани мусковити кони Курговад оксиди алюминий гирифтем. Захираҳои пешгӯишавандаи гилхок дар он ҷо беш аз 1,5 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд, аммо барои тасдиқи маълумоти дастрасшуда, таҳқиқоти геологии конро пурра ба итмом расонидан лозим аст», – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.

Ба қавли роҳбари Саридораи геология, дар ин самт баргузории таҳқиқоти иловагӣ зарур буда, барои ин захираҳои молӣ талаб карда мешавад.

Мурод Хол умедвор аст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи молии Ширкати алюминии тоҷик ва пайдо шудани воситаҳои иловагӣ, ба корҳои таҳқиқотӣ дар кони Курговад идома бахшида мешавад. «Танҳо баъди ин дар бораи оғози коркарди кони мазкур сухан метавон гуфт», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки охири соли гузашта раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Садриддин Шарипов зимни музокироти парлумонӣ изҳор дошта буд, ки мутахассисони Саридораи геологияи назди ҳукумат тарзи гирифтани гилхок аз маъдани мусковитии кони Курговад дар ноҳияи Дарвозро коркард намуданд.

«Дар натиҷа аз ин маъданҳо оксиди алюминий гирифта шуда, тарҳи технологии ҷудо шудани алюминий таҳия шуд», – гуфта буд Шарипов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.